Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Австрия вазъи Афғонистонро баррасӣ намуданд

Ноябрь 6, 2021 12:47

ДУШАНБЕ, 06.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Михаэл Линҳартро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрияро баррасӣ намуда, роҷеъ ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ табодули афкор карданд.

Ҳамсуҳбатон ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон ва мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

АКСҲО:ВКХ ҶТ

Ноябрь 6, 2021 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд