Зери Парчам ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд,-бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

Ноябрь 22, 2021 13:22

ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода иброз намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ буда, раванди қабули он дар замони бисёр ҳассос ва вазъи душвори сиёсию иқтисодии кишвар сурат гирифт. Бо вуҷуди ин Роҳбари тозаинтихоби давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи қабули муқаддасоти миллӣ ва ба ин восита муттаҳид сохтани тарафҳои даргир қадамҳои устувор гузоштанд. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои ҳар фарди тоҷик  ифтихори давлатдорӣ ва ватандорӣ маҳсуб меёбад, зеро парчам баёнгари ҳастии миллат дар саросари ҷаҳони мутамаддин аст.

«Итминони комил дорем, ки кулли мардуми бонангу номуси тоҷик бо азму талоши созанда ва парафшонии Парчами давлати соҳибистиқлоли худ минбаъд низ барои ба давлати пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбуб саҳми арзанда мегузоранд. Аз ин лиҳоз,  Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон чун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд. Бигзор Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафмандамон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад»,- иброз дошт Муҳаммадсаид Файзуллозода.

Дар ҷаласа доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода иброз намуд, ки «Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад».

Дар идомаи ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода нақш ва мавқеи Парчами мамлакатамонро дар арсаи байналмилалӣ изҳор дошта, як гурӯҳ кормандони Кумитаро бо ифтихорномаву сипоснома сарфароз гардонид.

Дар фарҷоми ҷаласа Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб вобаста ба гузашта, дирӯзу имрӯзи Парчами давлатӣ сухан гуфта,  шеър қироат намуд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

Ноябрь 22, 2021 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад