Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ дар Исломобод иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр дар Исломобод ҷаласаи 17-уми ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ (ШВКХ СҲИ) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода иштирок намуд.
«Нишасти 17-уми ғайринавбатӣ ба мақсади ҳалли буҳрони башарӣ дар Афғонистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба мушкилиҳои мардуми азияткашидаи ин кишвар, ки зери хатари гуруснагӣ қарор доранд, даъват гардид»,- изҳор намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур суханронӣ намуда, мавқеи Тоҷикистонро нисбат ба вазъи кунунии Афғонистон инъикос намуда, ҷиҳати пешгирӣ аз авҷ гирифтани буҳрони башардӯстона дар ин кишвар ибрози назар кард.
Ҳайатҳо аз Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва якчанд давлатҳои ғайриузв, аз ҷумла Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Британияи Кабир, Франсия, Чин, Русия, Олмон, Италия, Ҷопон дар иҷлосия ба ҳайси меҳмонони вижа ширкат карданд.
АКСҲО: ВКХ ҶТ








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






