Қалъаи беш аз сеҳазорсолаи Хуҷанд таъмир ва аз нав барқарор мешавад
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои таъмиру азнавбарқароркунӣ дар Қалъаи Хуҷанд шинос гардид. Қалъаи Хуҷанд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор мешавад, иттилоъ дод сардори Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба АМИТ «Ховар».
Дар корҳои навсозии иншооти қадимӣ гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, олимону бостоншинсон дар асоси маъхазҳои таърихиву адабӣ, харитаву аксҳои таърихӣ ва дигар сарчашмаҳо ширкат варзида, дар минтақаҳои алоҳидаи қалъа ковишҳои бостоншиносӣ идома доранд. Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, корҳо бо суръат идома дорад. Ба корҳои сохтмонӣ 10 ширкати бинокорӣ ва даҳҳо нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардида, қалъа бо нигоҳ доштани асосу унсурҳои таърихӣ таҷдид хоҳад шуд.
Раиси вилоят ба масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят ва сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо тавсияҳо дода, азнавбарқароркунии иншооти таърихиро ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанг ва маданияти бойи миллати тоҷик, инчунин ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ кори муҳим арзёбӣ кард.
Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни навсозии Театри давлатии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ шинос шуда, баҳри бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳо супоришҳо дод.
Бинои театр солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда, дорои 530 ҷойи нишаст мебошад, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят навсозӣ карда мешавад. Дар театр беш аз 150 корманди эҷодию техникӣ фаъолият дошта, 63 утоқи корию хоҷагӣ мавҷуданд.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд











Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






