Ҷаласаи 21-уми Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон 28 декабр баргузор мегардад

Декабрь 7, 2021 16:11

ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр зимни ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки бо қарори Кумитаи иҷроия ҷаласаи 21-уми Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон  28 декабр дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти соли 2021 ҳисоботи Кумита дар солҳои 2017-2021, нақшаи кор ва буҷети Кумита дар соли 2022 муҳокима ва барои тасдиқ ба ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумита пешниҳод гардид.

Дар асоси нақшаи кори КМО Тоҷикистон соли 2022 таҷлили 30-солагии таъсиси Кумита, инчунин иштироки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин, Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия, Бозиҳои варзишии “Бачаҳои Осиё” дар Владивостоки Русия ва Бозиҳои осиёии наврасон дар Шантоуи Чин пешбинӣ шудааст.

Кумитаи иҷроия ҳамчунин тақсимоти маблағи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон -Париж-2024-ро барои 17 варзишгар тасдиқ карда, барои мувофиқа ба Ҳамбастагии олимпӣ пешниҳод намуд.

Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Париж-2024 аз моҳи январи соли 2022 шурӯъ гардида, то моҳи августи соли 2024 идома меёбад.

АКС: КМО Тоҷикистон

Декабрь 7, 2021 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад