Ба қисмҳои низомию сарҳадии ноҳияи Деваштич, Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан, ятимони кулли ноҳияи Мастчоҳ туҳфаҳои идона тақдим шуданд
ДУШАНБЕ, 31.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба ду қисми низомию сарҳадии ноҳия рафта, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсаронро ба муносибати Соли нави мелодии 2022 табрик намуда, туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Раиси ноҳия дар суҳбат бо афсарону сарбозон зикр намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи бузурги мудофиавӣ табдил ёфта, такягоҳи халқу давлат гардидааст. Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди мамлакат ҳисобида шуда, дар ҳифзи марзу буми давлат нақши асосӣ дорад.
Ашуралӣ Ҷалилзода ҳамзамон нуктаҳои муҳимтарини Паёми Сарвари давлатро шарҳ дода, иброз намуд, ки бо супориши Пешвои миллат ба масъалаи мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои мусаллаҳ ва махсусан Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Сипас барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомӣ ва сарҳадӣ дасторхони идона ороста шуд.
Инчунин дар арафаи Соли нави мелодӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба 96 нафар тарбиягирандагони муассисаи давлатии Мактаб-интернати шаҳр туҳфаҳои идона, аз қабили либосҳои зимистона, компютерҳои замонавӣ, туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд ва баҳри болидахотирии онҳо дастурхони идона густурда шуд.
Адҳам Маъмурзода зимни суҳбат бо кӯдакону наврасон ва кормандони ин муассиса зикр дошт, ки маҳз сиëсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд.
Ҳамзамон раиси шаҳр тарбиятгирандагонро ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят намуда, зикр дошт, ки имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат баҳри ҳунаромӯзӣ, таҳсили хонандагон ва зиндагии мустақилонаи онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Тарбиятгирандагони муассиса бо пешниҳоди барномаи рангини идона шеъру сурудҳо дар васфи Тоҷикистони азиз қироат намуда, сипоси хешро барои ғамхориҳои пайваста баён намуданд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхории ҳамешагӣ фаро гирифтани ятимону бепарасторон дар ноҳияи Мастчоҳ ба 25 нафар ятимони кулл кумакҳои яквақтинаи молиявӣ ва туҳфаҳои солинавӣ супорида шуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода фарорасии Соли нави мелодиро табрик гуфта, зикр намуд, ки ҳар ятим таҳти ғамхории ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад ва мо намегузорем, ки ҳеч яке аз онҳо эҳсоси танҳоӣ кунанд. Мо пайваста аз ҳоли ятимон, маъюбон ва бепарасторон хабар мегирем.
Барои кӯдакон дар тарабхонаи «Шоми Мастчоҳ» дастархони солинавӣ ороста шуд, ки аз он табъи хурдсолон болида гардид.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд






