Ба тарбиятгирандагони Маркази дастгирии оила ва кӯдакони №2 туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид

Декабрь 27, 2021 15:30

ДУШАНБЕ, 27.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо мақсади аёдати кӯдакони ятиму бепарастор ва табрики онҳо бо фарорасии Соли нави 2022 аз Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдакон»-и № 2  шаҳри Душанбе боздид намуд, хабар доданд ба мухбири АМИТ “Ховар” аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Зимни боздид Умед Бобозода бо роҳбарият ва ҳайати кормандони муассиса суҳбат намуда, сипас бо кӯдакон вохӯрд.

Ваколатдор тарбиятгирандагони муассисаро бо фарорасии Соли нави 2022 табрик намуда, ба онҳо дар бораи ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кӯдакону ҷавонон сухан гуфт. Аз ҷумла, зикр гардид, ки тамоми кӯшишу ғайрат бояд ба он равона карда шавад, ки кӯдакон аз муассисаи мазкур бо тафаккури солим, донишу  малака ва касбу ҳунар ба ҷомеа ворид гарданд, чунки кӯдакон ояндаи давлату миллати мо мебошанд.

Умед Бобозода тарбиятгирандагон ва кормандони муассисаро бо соли нав табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ ва маводи  якдафъаинаи хӯрокворӣ расонид.

Бояд гуфт, ки дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

АКС: Аз хадамоти матбуоти ВҲИ

Декабрь 27, 2021 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид