Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода ҳафт ҳаммоми замонавӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд
ТУРСУНЗОДА, 26.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ Фаёзиддин Ахмедов ҳаммоми замонавии муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ба меъёр ва талаботи муайяни сохтмонӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар ҷараёни кушодашавии ин иншооти муҳим иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, гуфт, ки “соҳибкорони шаҳри Турсунзода дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди ҳаммомҳои замонавӣ, корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ ва коргоҳҳои дӯзандагию сайёҳӣ саҳми арзанда доранд. Хушбахтона, имрӯз бо бунёди ҳаммоми замонавӣ барои сокинони Пахтаобод беҳтарин шароити маишӣ муҳайё гардид, ки аз ин амали соҳибкор сокинони Ҷамоати деҳоти Пахтаобод, махсусан насли калонсол бениҳоят хурсанд гардида, ба соҳибкор Фаёзиддин Ахмедов миннатдорӣ баён намуданд”.
Раиси Ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода Умеда Негматуллоева гуфт, ки “бахшида ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 35 адад иншооти дорои аҳамияти гуногунро ба нақша гирифта будем. Хушбахтона, бо дастгирии соҳибкорони бонанги ҷамоати деҳот иншооти мазкур пурра ба истифода дода шуда, 26 нафар сокинони ҷамоат бо ҷойи кор таъмин шуданд”.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бунёди ҳаммомҳои замонавӣ ва муҳайё намудани шароити истироҳат барои сокинони ҷумҳурӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода то имрӯз ҳафт ҳаммоми замонавӣ аз тарафи соҳибкорон ба истифода дода шудаанд, ки ҳоло ба сокинони шаҳр дар сатҳи олӣ хизмат мерасонанд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода











Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






