Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ намоиши ҷумҳуриявии корҳои эҷодии рассомон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 10.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солрӯзи Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов» дар муассисаи мазкур намоиши ҷумҳуриявии корҳои эҷодии рассомон доир мегардад, итилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар намоишгоҳ асарҳо дар жанрҳои гуногун: графика, санъат ва ҳунар, наққошӣ, натюрморт, манзара, портрет, суратгирии бадеӣ пешниҳоди тамошобинон мегарданд.
Бояд гуфт, ки Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов соли 1936 ташкил ёфта, ягона маркази тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси санъати тасвирӣ ва наққошӣ дар ҷумҳуриямон мебошад. 18 июни соли 1975 хидматҳои шоёни Рассоми халқии Тоҷикистон М.Олимовро ба назар гирифта, ба Омӯзишгоҳи рассомӣ номи ӯ гузошта шуд. Соли 2003 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ба Муассисаи таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов табдил дода шуд.
Дар тӯли фаъолияти эҷодии худ коллеҷро зиёда аз 4000 нафар мутахассисони болаёқат хатм намудаанд, ки ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он пурсамар фаъолият мекунанд. Ҳайати асосии рассомони Тоҷикистон собиқ хатмкунандагони ҳамин коллеҷ мебошанд, ки ҳоло ба сифати муаллимони мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ, дар муассисаҳои давлатӣ, нашриёти «Ирфон», киностудия, студияи телевизион, коргоҳҳои рассомӣ бомувафақият кор мекунанд. Қариб 200 нафар шогирдони собиқи коллеҷ аъзои Иттифоқи рассомони СССР ва аъзои иттиҳодияҳои эҷодии рассомони ҷавонанд.
Омӯзгорони фанҳои асосии коллеҷ дар баробари фаъолияти омӯзгорию корҳои эҷодӣ, ҳамчунин иштирокчиёни намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷ аз кишварамон буда, корҳои эҷодии ин рассомони чирадаст дар осорхонаи мамлакатҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта шудаанд.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






