Дар Душанбе даври сеюми шаҳрии Олимпиада оид ба шоҳмот баргузор карда шуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани паҳлуҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, бахусус дар самти соҳаи маориф ва дастгирии хонандагони болаёқат дар олимпиада ва озмунҳои зеҳнӣ 29 декабр даври сеюми шаҳрии Олимпиада оид ба шоҳмот баргузор карда шуд, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Олимпиада оид ба шоҳмот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории олимпиада- ташвиқи бозии шоҳмот миёни хонандагон, дарёфти истеъдодҳо ва ташаккули тафаккури онҳо, ангезиш додани зеҳни хонандагон дар заминаи истифодаи бозии шоҳмот ҳамчун воситаи ташаккулдиҳандаи тафаккури мантиқии онҳо, инкишофи хотира, хусусияти ояндабинӣ, рушди қобилияти мушоҳида тавассути бозии шоҳмот, тарбияи таҳаммулпазирӣ ва ахлоқии хонандагон, муайян кардани дастаи беҳтарин ва шоҳмотбозҳои ҳирфавӣ, интихоб ва муайян намудани дастаҳои беҳтарин барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар натиҷа беҳтарин шоҳмотбозон – ғолибони даври сеюми (шаҳрии) Олимпиада оид ба шоҳмот муайян гардида, дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми шаҳрии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






