Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявӣ оид ба хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Замона» дар шаҳри Душанбе Форуми ҷумҳуриявӣ оид ба хизматрасонӣ дар тарабхонаҳоро баргузор намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мақсади ташкили ҳамоиш боз ҳам баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ дар иншооти қабулу хизматрасонӣ мебошад.
Дар ҳамоиши мазкур коршиносони соҳа оид ба масоили баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва меҳмоннавозӣ, рақобат дар тиҷорати фаъолияти тарабхонаҳо, вазифа ва уҳдадориҳои кормандони иншооти хизматрасонии сайёҳӣ, ороиши толорҳо ва утоқҳои тарабхонаҳо, тарзу усулҳои ороиши дастархон ва пешниҳоди хӯроку шириниҳо, ташкили банкету фуршетҳо ва дар маҷмуъ ба меъёрҳои байналмилалӣ расонидани сатҳи хизматрасонӣ рӯнамо пешниҳод карда, корҳои амалӣ доир намуданд.
АКСҲО: Кумитаи сайёҳии назди ҲҶТ









Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид






