Дар Душанбе вохӯрии 11-уми солонаи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид

Декабрь 8, 2021 17:00

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 декабр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) вохӯрии 11-уми солонаи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқоти мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим роҳбарӣ намуд. Инчунин дар мулоқот муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Азизбек Мадмаров, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Фурқат Сидиқов, муовини Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вафо Ҳоҷиев, Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, роҳбари UNRCCA Наталя Герман, мудири Маркази мубориза бо терроризми СММ Ҷаҳонгир Хон, муовини Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон, муовини роҳбари Намояндагии СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон (UNAMA) Метте Кнудсен ва намояндагони кишварҳои мададрасон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистонро дар ин нишаст Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶҚ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев роҳбарӣ намуд.

Аснои нишасти мазкур ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи  минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккилона, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва мушкилиҳои иқтисодӣ-иҷтимоиро мавриди муҳокима қарор дода, инчунин роҷеъ ба дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар намуданд.

Дар чаҳорчӯби яке аз иҷлосияҳои вохӯрии мавриди назар ба марҳилаи 4-уми лоиҳаи муштарак зери унвони «Нақшаи муштараки амал: Дар роҳи татбиқи фарогири Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии  СММ дар Осиёи Марказӣ» ҳусни оғоз бахшида шуд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2021 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд