Дар Истаравшан дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ-омили рушди иқтисодиёти кишвар» конференсия доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истаравшан бо иштироки меҳмонони хатсайри сайёҳии «Бунҷикат», ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри муаррифии имконият ва тақвияти сайёҳии дохилӣ ташкил карда шудааст, дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ-омили рушди иқтисодиёти кишвар» конференсия баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» итьтилоъ доданд, дар конференсия муовини раиси шаҳри Истаравшан Толиб Олимҷонзода, мудири шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов, директори ТҶ «Ассотсиасияи тараққиёти сайёҳии «Зарафшон» Ҷамшед Юсупов, мудири бахши рушди сайёҳии шаҳри Истаравшан Азамат Ҷӯраев ва директори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳр Хоҷа Насриддин сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, баҳри рушди ин соҳа якчанд барномаҳои давлатӣ қабул гардида, мавриди татбиқ қарор доранд. Рушди соҳаи сайёҳии байналмилалӣ барои сайёҳони хориҷӣ ва дар ин замина ташкил намудани инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, фароғатгоҳҳо метавонад барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ заминаи воқеӣ гузорад.
Аҳолии шаҳри Истаравшан сатҳу сифати хизматрасониро ба сайёҳон сол аз сол беҳтар намуда, дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳр марказҳои тиҷоратӣ, ошхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ барои хизмат расонидан ба меҳмонону сайёҳон фаъолияти пурсамар доранд. Таҳлил ва ҳисоботи омории воридшавии сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар шаҳр шаҳодат медиҳад, ки вобаста ба хусусияти табиию рекреатсионии кишвар аз ҷониби туристони хориҷӣ афзалият ба навъҳои сайёҳии экологӣ, варзишӣ, кӯҳӣ ва экстремалӣ дода мешавад. Дар ин замина иншооти санаторию курортӣ ва миқдори зиёди минтақаҳои истироҳатии шаҳри Истаравшан барои ташкили истироҳат ва муолиҷаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ заминаи хуб фароҳам меоваранд.
Мавриди зикр аст, ки тадбири мазкур яке аз ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии зарфияти хоси сайёҳии кишвар арзёбӣ гардида, дар самти афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






