Дар Кӯлоб Маркази ташхисию табобатии «Нурафшо» мавриди истифода қарор гирифт

Декабрь 30, 2021 13:53

ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Форуми минтақавии соҳибкории Хатлон таҳти  унвони «Саноат ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ», ки 28 декабр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доир шуд, дар маҳаллаи Борбад 35-и ин шаҳр Маркази ташхисию табобатии «Нурафшо» мавриди истифода қарор дода шуд, хабар доданд  аз  бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлоб.

Дар маросими ифтитоҳи ин муассисаи тиббӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода  ва дигар намояндагони  сохторҳои дахлдор  иштирок намуданд.

Маркази ташхисию табобатии «Нурафшо» бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Тағоймурод Мирзоев бунёд гардида,  дар ин ҷо  дар қатори мутахассисони варзидаи тиб, инчунин 8 нафар ҷавонони  болаёқат баъди хатми Донишгоҳи тиббӣ соҳиби ҷой кор шуданд. Маркази мазкур бо таҷҳизоти муосири тиб муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бояд гуфт, ки қаблан сокинони шаҳри Кӯлоб барои ташхис ба шаҳри Душанбе мерафтанд ва инак мушкили онҳо осон гардида, баъди ифтитоҳи ин марказ сокинони шаҳру навоҳии минтақа метавонанд аз хизматрасонии маркази мазкур  истифода намоянд.

Зимни боздид меҳмонон ба соҳибкор Тағоймурод Мирзоев ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоиди ташхису табобат барои сокинон изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри беҳтар намудани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари хизматрасонӣ дар ин маркази тиббӣ тавсияҳои муфид доданд.

Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлоб

Декабрь 30, 2021 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд