Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба анҷом расид

Декабрь 3, 2021 09:45

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки 1 октябри соли равон дар ҷумҳурӣ оғоз ёфта буд,  пурра ба анҷом расид. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.

Аз оғози ин маъракаи муҳими сиёсӣ масъулини комиссияҳои давлатии даъватӣ нахуст дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон даъвату гусели муҳофизони ояндаи Ватанро тибқи нақшаи  пешбинишуда ва дар муҳлати муайян иҷро намуданд.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурўъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар доираи меъёри қонунҳои амалкунанда бо мардум ҳамкории зичро ба роҳ мемонанд, дар чунин минтақаҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ монеаву мушкилот ба мушоҳида намерасанд.

Аз ин рӯ, комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пешсаф мебошанд, инчунин ба волидони ҷавонписароне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир гардидаанд, изҳори сипос менамоянд.

Маҳз дарки масъулияти баланди меҳанпарастӣ ва арҷгузории  волидони даъватшавандагон дар назди халқу миллат ва давлати соҳибистиқлол аст, ки онҳо аз далериву шуҷоат ва ҳисси ватандӯстии фарзандони хеш ифтихор намуда, онҳоро дар фазои сулҳу суботи кишвар ихтиёран барои хизмат ба Ватан ҳидоят менамоянд.

АКС: Вазорати мудофиа

Декабрь 3, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд