Дилрабо Мансурӣ: Тоҷикистон дар татбиқи якчанд лоиҳаи муштараки минтақавӣ вобаста ба Афғонистон саҳм мегузорад

Декабрь 7, 2021 14:45

ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар татбиқи якчанд лоиҳаи муштараки минтақавӣ вобаста ба Афғонистон саҳм мегузорад, ки сохтмони хатти барқ ва сохтмони 6 пули наздисарҳадӣ аз ҷумлаи онҳост. Мо барои ҳамкории минбаъда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Маркази дипломатияи пешгирикунанда дар самти ҷалби фаъолонаи Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ва расонидани кумакҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба он омодаем. Ин нуктаро имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни мулоқот бо ҳайати намояндагони Созмони Милали Муттаҳид баён намуд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар”.

Дар вохӯрӣ намояндаи махсуси Дабири кулли ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ Наталя Герман, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ва мушовири Созмон оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон Армондс Пуполс иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки СММ шарики муҳими байналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва сатҳи бадастомадаи ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг баланд арзёбӣ карда мешавад.

Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки айни замон кишвар бо сохторҳои СММ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар самти таъмини сулҳу суботи умумибашарӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, таҳдиду хатарҳои муосир ба амният, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори ҷомеа ҳамкории фаъол дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро фаъолона дастгирӣ намуда, иштирокчии доимии равандҳо дар соҳаи мушкилоти об, экология, вазъи муҳити зист ва рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва зерминтақавӣ мебошад. Захираҳои табиии мавҷудаи Тоҷикистон, махсусан иқтидори бузурги гидроэнергетикии он метавонад ба рушди сабз ва солимии муҳити зист дар кишварҳои дигар мусоидат намояд. Инчунин  Тоҷикистон  ба густариши равобити ҳамаҷониба бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад,-иброз намуд Дилрабо Мансурӣ.

Мавсуф гуфт, ки Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр сарҳад дорад ва бо дарназардошти ин вазъи низомию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвари ҳамсоя дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад. Вазъияти кунунии Афғонистон тақозо мекунад, ки ҷиҳати ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин расонидани кумаки саривақтӣ ба мардуми афғон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни ҷонибҳо мавриди муҳокима қарор доданд.

АКС: МН МО ҶТ

Декабрь 7, 2021 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»