Доир ба фаъолияти хусусии тиббӣ ва дурнамои рушди он конфронси миллии илмию амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рушди соҳаи тандурустии кишвар ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди назар ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди фаъолияти хусусии тиббӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин нуктаро муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода зимни ифтитоҳи конфронси миллии илмию амалӣ дар мавзӯи «Фаъолияти хусусии тиббӣ-дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушд», ки 9 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Маркази тиббии «Насл» ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шайдулло Шарипов, роҳбарони марказҳои тиббии хусусии шаҳри Душанбе ва вилоятҳо иштирок намуданд.
Пеш аз оғози конфронс намоиши марказҳои тиббии хусусӣ доир гардид, ки иштирокдорон аз он дидан намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш зикр шуд, ки дар даврони Истиқлолият тавассути ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат ислоҳоти куллии қонунгузорӣ дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронида шуд. Инчунин заминаи ҳуқуқии рушди бахши хусусӣ дар мамлакат мукаммал гардида, шароит фароҳам оварда шуд, то фаъолияти хусусии тиббӣ рушд ва тавсеа ёбад. Дар ин замина, шаҳрвандон ба хизматрасониҳои муосири тиббии босифат ҳамаҷониба дастрасӣ пайдо намуданд. Ва ҳамин тавр фаъолияти хусусии тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.
Ҳоло бо мақсади мусоидат намудан ба инкишофи фаъолияти тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби хусусӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома дар бораи комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ карда шудаанд, ки дастури рӯимизии ҳар як субъекти фаъолияти хусусии тиббӣ ба ҳисоб мераванд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






