ФАРҲАНГ ДАР РУШДИ ИНСОН МАҚОМИ АРЗАНДА ДОРАД. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ доир ба афзалияти соҳаи фарҳанги пойтахт ибрози андеша намуд

Декабрь 31, 2021 14:03

ДУШАНБЕ, 31.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Сохтани ҷаҳонбинӣ, ба вуҷуд овардани ҳисси баланди хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ муҳимтарин масъалаҳои имрӯзи ҳаёти кишвар аст, ки  татбиқи ин раванди созанда, пеш аз ҳама, бо қабул ва амалӣ гардидани барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар соҳаи фарҳанг имконпазир мегардад. Фарҳанг ҳамчун таҷассуми симои маънавӣ ва баёнгари таъриху тамаддун дар рушди инсон мақоми арзанда дорад.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума МУИНӢ доир ба дастовардҳои соҳаи фарҳанги шаҳри Душанбе дар соли равон ва барномаҳои давлатӣ дар солҳои минбаъда андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» чунин баён намуд: 

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таъкид намудаанд, ки  «фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад».

Ҳукумати мамлакат соҳаи фарҳангро дар раванди ташаккули ҷомеаи муосир ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ самти афзалиятнок муқаррар намуда, дар рушди ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи хоси рӯзмарра зоҳир менамояд.

Дар ҳошияи сиёсати бобарор ва фарҳангсолори Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе кохҳои хуштарҳу муҳташам, боғу гулгаштҳои зебо ва муассисаҳои фарҳангӣ бо ҳунари волои миллии меъморӣ бунёд ёфтаанд, ки боиси муаррифии пойтахти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба масъалаҳои рушди фарҳанг диққати махсус дода, бо қарори дахлдор як зумра барнома ва нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ намудааст, ки иҷрои онҳо баҳри тақвияти сатҳи фарҳангии пойтахт мусоидат карда истодааст.

Бо мақсади такмили низоми идории соҳаи фарҳанг ва мутобиқгардонии он ба талаботи ҷомеаи муосир бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 марти соли 2017 шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Раёсати фарҳанг табдил дода шуда, низомнома, сохтор ва номгӯи муассисаҳои фарҳангӣ тасдиқ карда шуд, ки ба мураттабии фаъолият, рушди бонизом ва татбиқи босифати сиёсати фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе равона гардидааст.

Ҳамзамон бо мақсади рушду нумӯи санъати театрӣ, бадеӣ, халқӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ – фарҳангӣ дар пойтахт бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 январи соли 2018 Муассисаи давлатии «Театри намунавӣ – минётураи «Ойина» таъсис ёфта, дар асоси қарори навбатии Раиси шаҳр аз 29 августи соли 2019 Маркази илмӣ-методии назди Раёсати фарҳанг ба Муассисаи давлатии «Маркази эҷодӣ-методӣ» табдил дода шудааст.

Айни замон дар сохтори фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 6 муассисаи таълимӣ — 4 мактаби мусиқии бачагона, 1 мактаби бачагонаи санъат, 1 мактаби бачагонаи рассомӣ, ҳамчунин 2 китобхона, 2 театр, 1 маркази эҷодию методӣ ва 1 клуби марказонидашуда бо фарогирии 528 нафар корманд фаъолият доранд.

Ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» бо қарори Раиси шаҳр аз 5 июли соли 2021 Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги шаҳри Душанбе барои солҳои 2021 – 2025» бо маблағгузории 26 млн.223 ҳазор сомонӣ қабул гардид.

Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ асбобу созҳои мусиқӣ ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ, техникаву технологияи муосир ба маблағи 262 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои зертобеи раёсати фарҳанг дастрас карда шуда, ба маблағи 880 ҳазор сомонӣ муассисаҳои соҳаи фарҳанги пойтахт таъмир карда шуданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давоми солҳои охир дар доираи барномаҳои қабулгардида бо мақсади харидории созу асбобҳои мусиқӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 486260 сомонӣ ва барои таъмиру тармими мактабҳои соҳаи фарҳанги пойтахт 2164665 сомонӣ сарфа гардидааст.

Дар ин давра 974 нафар муҳассилин бо омӯхтани фанҳои гуногуни ҳунар ва мусиқӣ дар муассисаҳои таълимии тобеи раёсати фарҳанг фаро гирифта шуданд.

Дар соли хониши 2020-2021 мактабҳои мусиқии шаҳри Душанберо 66 нафар хонандагон хатм намуда, 14 нафари онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳавии дохил ва хориҷи кишвар дохил гардиданд.

Дар доираи барномаи болозикр соли 2021 1 ансамбли эстрадӣ, 1 ансамбли гитарнавозон, 1 ансамбли асбобҳои халқӣ, 1 ансамбли рақсии кӯдакона, 1 ансамбли рақсии гуруҳи калонсолон дар назди раёсати фарҳанги шаҳр таъсис ёфтанд.

Китобхона макони маърифат ва илм буда, китобхониву донишандузӣ маҳаки асосии камолоти инсонӣ ва ташаккули ҷомеаи маданиву маънавӣ арзёбӣ мегардад.

Дар соли 2021 фонди Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба 2953 нусха ва китобхонаи муосири пойтахт ба 1014 нусха китобу маҷалла бо маблағи 85 ҳазор сомонӣ такмил дода шуд.

Дар ин давра, теъдоди мутолиакунандагон дар китобхонаҳои шаҳрӣ ба 213416 нафар расида, ба онҳо 188557 нусха китоб манзур гардонида шудааст.

Имрӯз фонди умумии китобхонаҳои шаҳриро 501820 нусха китоб ва теъдоди китобҳои электрониро 652600 нусха ташкил медиҳанд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ташкил намудани китобхонаҳои идоравӣ ва таъмини онҳо бо китобҳои адибону шоирон як қатор чораҳо андешида шуд.

Бо ин мақсад дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои он китобхонаҳо ташкил карда шуданд. Ҳамзамон, дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Шоҳмансур 33 адад бо 42846 нусха китоб, ноҳияи Сино 27 адад бо 13089 нусха китоб, ноҳияи Фирдавсӣ 21 адад бо 10018 нусха китоб ва ноҳияи И. Сомонӣ 13 адад бо теъдоди 43123 нусха китоб ва дар умум 95 китобхонаҳои идоравӣ бо теъдоди умумии 110076 нусха китобу маҷалла ба фаъолият шуруъ намуданд.

Инчунин дар доираи ташаббуси беназири Пешвои миллат ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 214275 хонаводаи пойтахт китоби «Тоҷикон»-и академик Б.Ғафуров дастрас карда шуд.

Ҳамзамон бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, истифодаву корбурди китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳнию маънавии сокинону меҳмонони пойтахт ва ҷалб намудани онҳо ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар робита ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2019 зикр гардидаанд, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 апрели соли 2021, «Дар бораи баргузор намудани озмуни «Китобхонаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расида, бо ҳамин қарор ҳайати Комиссияи шаҳрӣ, низомнома ва ҷоизахои озмун тасдиқ карда шуд ва минбаъд озмуни мазкур ҳамасола аз рӯи чор бахш — бахшҳои «Китобхонаи беҳтарини идоравӣ», «Китобхонаи беҳтарини оммавӣ», «Китобхонаи беҳтарини илми-соҳавӣ» ва «Китобхонаи беҳтарини оилавӣ» ташкилу баргузор карда мешавад.

Театрро оинаи рӯзгор меноманд. Бо дарназардошти дарки ҳамин нуқта ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифат, ҳувияти миллӣ, ватанпарастии ҷавонону наврасон давоми панҷ соли охир дар доираи барномаҳои қабулгардидаи соҳа аз ҷониби масъулини бахши театрии соҳаи фарҳангии пойтахт, аз ҷумла, театрҳои таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ва Театри намунавӣ-минётурии «Ойина» 68 намоишнома ва саҳнаҳои нави ҳунарӣ рӯи саҳна гузошта шуда, ҳунарпешагони онҳо дар барномаҳои телевизионӣ ва нақшҳои асосӣ дар филмҳои бадеӣ иштирок намуда, дар баргузории чорабиниҳои умумишаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ саҳм гузоштанд.

Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 қабул шудааст, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 июли соли 2021 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ шудааст. Ҳоло дар шаҳри Душанбе 23 ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла, 4 ёдгории бостонӣ, 7 ёдгории монументалӣ ва 12 ёдгории меъморӣ муайян карда шуда, барои ворид намудан ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Бо дастгириву роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми солҳои охир мавзеи ёдгориҳои таърихии шаҳри Душанбе, аз ҷумла маҷмааи ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, атрофи муҷассамаҳои устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко ва дигарҳо ободу зебо гардида, барои истироҳати сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Давоми солҳои охир дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра азнавсозӣ гардидааст. Инчунин ду амфитеатри нав дар заминаи боғҳои фарҳангию фароғатӣ мавриди баҳрабардории сокинону меҳмонон қарор дода шуд.

Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2021, «Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021 – 2025» — бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 июни соли 2021 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи болозикр барои солҳои 2021 – 2025 дар шаҳри Душанбе» тасдиқ карда шуд.

Дар марҳилаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр беш аз 60 фестивалу озмунҳои шаҳриву байналмилалӣ, аз қабили «Чакомаи гесӯ», «Атласу адрас», «Мо насли хушбахти замон», «Ҷилваи рангҳо», «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», «Беҳтарин рассоми наврас», «Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ….», «Дастархонороӣ», «Беҳтарин ҳунарҳои ороши аз санг», «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам», «Таомҳои миллӣ», «Кадбонуи беҳтарин» ва дигарҳо баргузор карда шуда, дар доираи онҳо намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои мусиқиву фароғатӣ ташкил карда шуданд.

Дар соли 2021 дар доираи нақшаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе аз 12 июни соли 2021 тасдиқ шудааст, дар мавзеъҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе, аз ҷумла, боғҳои «Ирам», устод Рӯдакӣ, Куруши Кабир, «Ҷавонон», А. Фирдавсӣ, Мироненко, С.Айнӣ, А.Навоӣ ва боғи кӯдакон 240 чорабинӣ бо фарогирии беш аз 50000 сокинону меҳмонони пойтахт гузаронида шуд.

Дар асоси қарори Шӯрои сарони давлатҳои кишварҳои ИДМ аз 28 сентябри соли 2018 дар соли 2021 шарафёб шудани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боиси ифтихор ва сарбаландии на танҳо сокинони он, балки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

Маросими расмии ифтитоҳи эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» 21 марти соли 2021 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, адибону коршиносон ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

Дар ин маросими пуршукӯҳ муовини Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов Сертификати эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021»-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориданд. Пас аз қисмати расмии чорабинӣ барои иштирокчиёни чорабинӣ барномаи бошукуҳи фарҳангӣ, ки аз ҷониби аҳли ҳунару санъати кишварҳои узви ИДМ омода гардида буд, пешниҳод карда шуд.

Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод», яке аз лоиҳаҳои калидии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳои сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими ҳар чӣ бештари зарфиятҳои фарҳангии давлатҳои мазкур ҳамчун майдони зеҳнию эҷодӣ, ғояи фазои ягонагии фарҳангӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо роҳандозӣ карда шудааст.

Дар соли ҷорӣ дар пойтахт бо ташаббус ва дастгирии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи барномаи байнидавлатии «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021», ки бо қарори Раиси шаҳр аз 1 марти соли 2021 тасдиқ гардидааст, беш аз 300 чорабиниҳои мухталифи фарҳангии сатҳи милливу байналмилалӣ баргузор карда шуда, як қатор муассисаҳои фарҳангӣ таъмиру таҷдид гариданд.

Фестивали III байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию сайёҳӣ», Форуми II байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Фестивали байналмилалии «Сад ранги чакан», консерти муштараки устодони санъати кишварҳои ИДМ бо иштироки Оркестри симфонии ҷавонони ИДМ ва Оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниммарафони XII байналмилалии «Душанбе-2021», фестивали «Сайри гули лола», намоишгоҳи рассомони шаҳри Душанбе, конфронси байналмилалии илмӣ — амалӣ дар мавзӯи Зан — сарчашмаи зиндагӣ», чорабинии фарҳангии «Шабе дар осорхона» ва конференсияи байналмилалии кормандони осорхонаҳои кишварҳои ИДМ, намоишгоҳи санъат ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Душанбе – «Душанбе — шаҳри косибон», форуми байналмилалии ҷавонон «Ояндаро бо ҳам месозем» ва ташкили барномаи фарҳангӣ барои ҷавонони кишварҳои ИДМ, чорабинии бошукӯҳ бо барномаи фарҳангии консертӣ бахшида ба «Рӯзи шашмақом», форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Душанбе-Инвест 2021», фестивали байналмилалии истеъдодҳои навраси кишварҳои узви ИДМ «Дар меҳмонии Душанбе», фестивали байналмилалии тобистонаи «Dushanbe Summer Fest», конфронси байналмилалии китобдорон «Сӣ даҳсолаи шарикии китобхонаҳои ИДМ: дурнамо ва стратегияи рушд» ва шаби эҷодии нависандагону шоирони кишварҳои узви ИДМ, намоишгоҳи байналмилалии китоб «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст», фестивали байналмилалии театрҳои касбии «Парасту», фестивали «Оши Палов» бо иштироки намояндагони кишварҳои ИДМ, фестивали байналмилалии фарҳангии кӯдакону наврасон «Шукуфаҳои пойтахт», форуми II байналмилалии «Душанбе — шаҳри имконоти рушди кӯдакон» ва дигарҳо аз ҷумлаи чорабиниҳое мебошанд, ки бо доираи васеи сокинон ва меҳмонони пойтахт дар доиари барномаи байнидавлатии «Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод 2021» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ташкилу баргузор карда шуданд.

18 декабри соли 2021 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, корпуси дипломатӣ, роҳбарияти вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, олимону адибон, кормандони касбу кори гуногун маросими пӯшидашавии соли эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангииИттиҳод-2021» бо барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони кишварҳои ИДМ баргузор гардид.

Соли 2021 ҷиҳати таҷлили сазовори иду ҷашнҳои миллӣ бо қарорҳои Раиси шаҳр нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар ин замина дар доираи таҷлили ҷашни Сада, Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, Рӯзи Шашмақом, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рузи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Фалак, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди Меҳргон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ва фарҳангиву фароғатӣ дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи чорабиниҳо, ки бо қарори Раиси шаҳр аз 4 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст, як қатор чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва варзишӣ, аз қабили барномаҳои консертӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, озмуну маҳфилҳои илмию маърифатӣ, озмунҳои фаннӣ, конференсияву семинарҳо, ҳашарҳои умумишаҳрӣ, тадбирҳои сабзкорӣ, ободкориву созандагӣ баргузор гардид.

Аз ҷумла, дар «Майдони Озодӣ» рӯзҳои 7 ва 9 сентябри соли равон паради ҳарбӣ, роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва шоми 9 сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барномаи фарҳангии театрикунонидашуда таҳти унвони «Сӣ ахтари дурахшон» бо фарогирии наздики 100000 сокинону меҳмонони пойтахт баргузор карда шуданд.

Рӯзи 10 сентябри соли равон дар майдони «Нишони давлатӣ» баҳри болидахотирии сокинону меҳмонони пойтахт барномаи бошукӯҳ ва рангини ҳунарӣ, иборат аз суруду мусиқӣ, рақсу бозӣ ва шоу — барномаи дронҳо бо намоиши 13 элементи нави ҷаззобу диданӣ, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ ширкат намуданд.

Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» инқилоби фарҳангӣ буда, оғозгари таҳавуллоти ҷиддиву бунёдӣ дар саросари мамлакат ба шумор меравад.

Шаҳри Душанбе дар татбиқи ин иқдомҳои бузург бо гирифтани ҷойҳои бештари ифтихорӣ, 36 ҷой дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман» ва 27 ҷой дар озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» мисли солҳои қаблӣ дар зинаи аввал қарор дорад.

Дар ҳамин асно дар пойтахти кишвар аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри рушди дониш, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва сифатҳои шахсии сокинони пойтахт, бахусус насли нав шароитҳои зарурӣ фароҳам гардида, доир ба рушди сатҳи фарҳангии пойтахт мунтазам тадбирҳои заруриву саривақтӣ роҳандозӣ мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2021 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд
Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Узбекистон барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ба Душанбе омад
Иҷлосияи бисту якуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар рӯзҳои сарди зимистон шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ЗЕБОТАРУ ДИЛРАБОТАР МЕШАВАД. Дар пойтахт бунёди 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст
Доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон конференсия баргузор гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар сардхонаҳои махсуси шаҳри Душанбе 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе