Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр сафари намояндагони шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Сямэн, Чэнду, Хайнан ва Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид, ки то 17 октябр идома меёбад. Мақсад аз ин сафар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами шаҳрҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, табодули таҷриба, муаррифии имконият ва иқтидори сайёҳии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ин сафар дар доираи рушди муносибатҳои дӯстона, ҳамкории бародаршаҳрӣ ва шарикии байнишаҳрии Душанбе бо шаҳрҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ гардида, ба таҳкими робитаҳои соҳавӣ, густариши ҳамкории иқтисодию сайёҳӣ ва фароҳам овардани заминаҳои нав барои татбиқи ташаббусҳои муштарак равона шудааст.
Ҳадафи асосии сафари корӣ муаррифии имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистон дар бозори сайёҳии Чин, омӯзиши таҷрибаи пешқадами шаҳрҳои мазкур дар самти рушди сайёҳӣ, инчунин таҳкими ҳамкории мустақим бо мақомоти дахлдор, ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои соҳа мебошад.
Иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар ҳайати ягона имконият фароҳам меорад, ки масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳамзамон дар сатҳи байнишаҳрӣ ва соҳибкорӣ баррасӣ гардида, барои ба роҳ мондани ҳамкории мустақим заминаи зарурӣ фароҳам оварда шавад.
Дар доираи сафар баргузории мулоқоту вохӯриҳои расмӣ ва корӣ бо масъулини мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои соҳавӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, операторони туристӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва дигар шарикони эҳтимолӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳайат бо таҷрибаи шаҳрҳои Сямэн, Чэнду, Хайнан ва Чиндао дар самти рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ташкили хизматрасониҳои муосир, ҷалби сармоя, тарғиби маҳсулоти сайёҳӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ташкили чорабиниҳои байналмилалии сайёҳӣ шинос хоҳад шуд.
Ҳамзамон масъалаҳои ташкили ҳамкории мустақими B2B байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Чин, таҳияи пешниҳодҳои муштарак, табодули гурӯҳҳои сайёҳӣ, ташкили хатсайрҳои муштарак ва ҷалби ширкатҳои чинӣ ба бозори сайёҳии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар доираи барномаи сафар намоиши аксҳои шаҳри Душанбе баргузор гардида, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, инфрасохтори муосир, имконияти фароғатӣ, табиати Тоҷикистон ва маҳсулоти сайёҳии шаҳри Душанбе ба иштирокчиён муаррифӣ карда мешаванд.
АКС: Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад






