Федератсияи гӯштини миллӣ ба варзишгарони беҳтарини сол ҷоиза ва туҳфаҳо тақдим намуд

Декабрь 30, 2021 08:56

ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар интиҳои сол тибқи анъана варзишгарони муваффақ қадрдонӣ карда мешаванд. Федератсияи гӯштини миллӣ низ беҳтаринҳои солро муайян карда, ба онҳо ҷоиза ва туҳфаҳои хотирмон тақдим намуд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи гӯштини миллӣ Тоҷикистон. 

Соли 2021 барои Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон соли  хотирмон ва сермаҳсул буд, зеро бо ибтикори ин федератсия дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар якчанд мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ роҳандозӣ шуданд.

Федератсияи миллии гӯштингирӣ дар интиҳои сол беҳтаринҳоро  муайян намуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Аз миёни гӯштингирони сермаҳсул имсол Темур Раҳимов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Мирзоҷамил Рамазонов, Фирдавс Насимов ва яке аз чеҳраҳои умедбахши гӯштини кишвар- Хайрандеш Муродзода соҳиби ҷоизаю мукофот шуданд.

Ҳамин тавр, паҳлавони маъруфи тоҷик  Темур Раҳимов  «Беҳтарин варзишгар дар соли 2021» эътироф карда шуд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 90кг «Беҳтарин гӯштингир дар соли 2021» эълон гардид. Мирзоҷамил Рамазонов ва Фирдавс Насимов низ беҳтаринҳо дар вазни худ интихоб шуда, бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҷоизаи «Беҳтарин сармураббӣ дар соли 2021»-ро Хуршед Ибодуллоев ба даст овард.

Шоҳин Гулов «Мураббии сол дар соли 2021» эътироф карда шуд.

Хусрав Шоев «Беҳтарин довар дар соли 2021» гардид.

Ҳамчунин Федератсияи гӯштини миллии кишвар беҳтарин федератсияро муайян намуд ва Федератсияи гӯштини миллии минтақаи Кӯлоб соҳиби ин ҷоиза шуд.

Ба Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» барои инъикоси мусобиқаҳои гӯштини миллии гӯштингирӣ ҷоизаи «Беҳтарин ВАО дар соли 2021» тақдим карда шуд.

                                                                                 АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 30, 2021 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид