Федератсияи гӯштини миллӣ ба варзишгарони беҳтарини сол ҷоиза ва туҳфаҳо тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар интиҳои сол тибқи анъана варзишгарони муваффақ қадрдонӣ карда мешаванд. Федератсияи гӯштини миллӣ низ беҳтаринҳои солро муайян карда, ба онҳо ҷоиза ва туҳфаҳои хотирмон тақдим намуд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи гӯштини миллӣ Тоҷикистон.
Соли 2021 барои Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон соли хотирмон ва сермаҳсул буд, зеро бо ибтикори ин федератсия дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар якчанд мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ роҳандозӣ шуданд.
Федератсияи миллии гӯштингирӣ дар интиҳои сол беҳтаринҳоро муайян намуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Аз миёни гӯштингирони сермаҳсул имсол Темур Раҳимов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Мирзоҷамил Рамазонов, Фирдавс Насимов ва яке аз чеҳраҳои умедбахши гӯштини кишвар- Хайрандеш Муродзода соҳиби ҷоизаю мукофот шуданд.
Ҳамин тавр, паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов «Беҳтарин варзишгар дар соли 2021» эътироф карда шуд.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 90кг «Беҳтарин гӯштингир дар соли 2021» эълон гардид. Мирзоҷамил Рамазонов ва Фирдавс Насимов низ беҳтаринҳо дар вазни худ интихоб шуда, бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҷоизаи «Беҳтарин сармураббӣ дар соли 2021»-ро Хуршед Ибодуллоев ба даст овард.
Шоҳин Гулов «Мураббии сол дар соли 2021» эътироф карда шуд.
Хусрав Шоев «Беҳтарин довар дар соли 2021» гардид.
Ҳамчунин Федератсияи гӯштини миллии кишвар беҳтарин федератсияро муайян намуд ва Федератсияи гӯштини миллии минтақаи Кӯлоб соҳиби ин ҷоиза шуд.
Ба Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» барои инъикоси мусобиқаҳои гӯштини миллии гӯштингирӣ ҷоизаи «Беҳтарин ВАО дар соли 2021» тақдим карда шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






