ФУТБОЛ. Беҳтаринҳои Лигаи олӣ дар соли 2021 соҳиби ҷоиза мегарданд

Декабрь 22, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24  декабр  дар маҷмааи «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор шуда, бар асоси натиҷаҳои соли гузашта барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ эълон хоҳанд шуд. Оғози маросим соати 10:00 дар назар аст, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар маросим ғолибон аз рӯи сездаҳ намуд  муайян карда мешаванд. Исми беҳтарин бозингари сол дар Чемпионати Тоҷикистон ва беҳтарин бозингари кишвар, ки дар хориҷ аз кишвар бозӣ мекунад, дар маросими тантанавии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 25 декабр дар «Кохи Парфенон»-и пойтахт баргузор мешавад, эълон хоҳад шуд.

Рӯйхати номзадҳо ба ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2021:

Беҳтарин бозингари Лигаи якум:

Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»)

Далер Шарипов («Пахтакор»)

Бахтиёр Зарипов («Равшан», Зафаробад)

Беҳтарин мураббии Лигаи якум:

Ҳикмат Фузайлов («Регар-ТадАЗ»)

Раҳматулло Фузайлов («Равшан», Зафаробод)

Қаноат Латипов («Ҳулбук»)

Беҳтарин бозингари Чемпионати Тоҷикистон байни ҷавонон:

Аминҷон Алиаҳмадов («Равшан»)

Дилшод Ҷумахмадов («Истиқлол»)

Ансорӣ Ҳасанзода («Хатлон»)

Беҳтарин мураббии чемпионати Тоҷикистон байни ҷавонон:

Юсуф Рабиев («Истиқлол»)

Баҳодур Маҳмадов («Равшан»)

Шарифҷон Зиёев («Хуҷанд»)

Беҳтарин довар:

Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе)

Насрулло Кабиров (Норак)

Сайёҷон Зайниддинов (Душанбе)

Беҳтарин дарвозабон:

Алексей Матросов («Хуҷанд»)

Роҳат Ҷапаров (КМВА)

Қурбоналӣ Бобоев («Истаравшан»)

Беҳтарин дифоъгар:

Зоир Ҷурабоев («Истиқлол»)

Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)

Ваҳдат Ҳанонов («Истиқлол»)

Беҳтарин ниммуҳофизатгар:

Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)

Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА)

Далер Ёдгоров («Хуҷанд»)

Беҳтарин ҳамлавар:

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)

Дилшод Бозоров («Хуҷанд»)

Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)

Беҳтарин легионере, ки дар Чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад:

Алексей Ларин («Истиқлол»)

Артём Сердюк («Хуҷанд»)

Самандар Очилов («Хуҷанд»)

Беҳтарин мураббӣ:

Виталий Левченко («Истиқлол»)

Рустам Хоҷаев («Хуҷанд»)

Амин Субҳонӣ (КМВА)

                                                                 АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 22, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд