«НУРИ РӮШНОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН». Имрӯз доир ба баррасии Барномаи рушди Ҳисор машварати ҷамъиятӣ баргузор мешавад

Декабрь 6, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 декабр, дар  маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва дар доираи Ташаббуси «Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон»* доир ба баррасии Барномаи таҳияшудаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҳисор барои солҳои 2021-2025 бо ворид намудани тадбирҳои афзалиятноки пешгирӣ ва вокуниш ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ нисбат ба занон ва духтарон, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила чун яке аз ҳадафҳои рушди устувор ба боби 4 оид ба бахши иҷтимоии қисмати “Доир ба корҳои занон ва оила ва масъалаҳои гендерӣ» машварати ҷамъиятӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ташкилоти ҷамъиятии «Бунёди паст кардани сатҳи камбизоатӣ» хабар доданд.

 Дар мамлакат таҷрибаи таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, баргузории маҷлисҳои ҷамъиятӣ васеъ паҳн гардида, дар ин самт таҷрибаи кофӣ вуҷуд дорад ва заминаи дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ ташаккул ёфтааст. Таваҷҷуҳ ба ҷорӣ кардани ин таҷриба дар Тоҷикистон солҳои охир, бахусус дар заминаи зарурати Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 дар заминаи миллӣ кунонидани ҳадафҳои рушди устувор афзоиш меёбад.

 Машварати ҷамъиятӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Хазинаи коҳиши камбизоатӣ дар доираи чорабиниҳои иқдоми «Нури равшанӣ» оид ба маҳв намудани хушунати ҷинсӣ ва гендерӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар муҳокимаи оммавӣ ширкат варзида, андешаи худро баён кунанд.

_____________________________________

*Ташаббуси «Нури рӯшноӣ» — ин иқдоми ҷаҳонӣ ва бисёрсолаи Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба маҳв намудани ҳамаи шаклҳои хушунат нисбат ба занон ва духтарон то соли 2030 мебошад.

                                                                                             АКС: аз бойгонӣ

Декабрь 6, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад