Маъмурияти дипломатии Сафири Япония дар Тоҷикистон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 декабр, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшитаро бино ба анҷом ёфтани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Японияро дар заминаҳои гуногун баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба Такаюкӣ Мияшита барои саҳми назаррас дар таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, ба мавсуф дар маъмурияти баъдии дипломатиаш комёбиҳо орзу намуд.
Ёдовар мешавем, ки Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита 20 ноябри соли 2019 дар Қасри миллат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супорида буд.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






