Музаффар Ашӯриён дар нишасти Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои узви ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 15 декабр, ҷаласаи 15-уми Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён иштирок карда, сухан гуфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.
Дар робита ба боқӣ мондани вазъи эпидемиологӣ- пандемияи сироятии нави коронавирус чорабинӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Дар кори Шӯро инчунин Вазири адлияи Ҷумҳурии Арманистон К.Андреасян, Вазири адлияи Ҷумҳурии Беларус С. Хоменко, муовини аввали Вазири адлияи Федератсияи Русия Е. Забарчук, Вазири адлияи Узбекистон Р.Давлатов, раиси палатаи нотариалии Беларус Н. Борисенко, директори департаменти ҳуқуқии Кумитаи иҷроияи ИДМ Л. Заудалская ва котиби масъул Шӯро В. Гимер иштирок карданд.
Иштирокчиёни ҷаласа, ки дар фазои ошкоро доир гашт, масъалаҳои зеринро муҳокима намуда, вобаста ба он қарор қабул карданд:
оид ба равишҳои нави гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо;
оид ба нақши вазирони адлияи кишварҳои узви ИДМ дар тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон;
оид ба такмили фаъолияти нотариалӣ дар давлатҳои узви ИДМ;
дар бораи базаи ташкилотии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи фаъолияти нотариалӣ.
Раиси нави Шӯро Вазири адлияи Федератсияи Русия Константин Чуйченко интихоб гардид.
Дар назар аст, ки ҷаласаи 16-уми навбатии Шӯро соли 2022 дар Федератсияи Русия баргузор гардад.
АКС: АМИТ «Ховар»/хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ









«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






