Нишасти нуҳуми Форуми марказҳои таҳлилии Машварати ҳамкорӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиё баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр бо ташаббуси донишкадаҳои Шанхай доир ба таҳқиқоти байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти нуҳуми Форуми марказҳои таҳлилии Машварати ҳамкорӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таҳти унвони «Оғози нав барои барқарорсозии эътимоди мутақобила дар давраи пас аз пандемия: тамоюл ва ҳадафҳо» дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Форум намояндагони марказҳо ва муассисаҳои таҳлилии даҳ кишвари узви МҲТБО иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш аз ҷониби ширкаткунандагон вазъ ва мушкилоти амниятӣ дар Авруосиё, ки таҳти таъсири пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омаданд, мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуд. Иштирокчиён вазъияти мавҷударо мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода, барои амалкардҳои муштарак ва таҳкими эътимод дар самти суботу амният мулоҳизаҳо баён намуданд.
Дар бахши якуми форуми мазкур таҳти унвони «Мушкилоти амниятии давлатҳои аъзои МҲТБО дар давраи пас аз пандемия» дар қатори роҳбарияти марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ дар мавзӯи «Таҳдидҳои нави амниятӣ ба давлатҳои узви МҲТБО дар давраи постпандемия: дидгоҳ аз Тоҷикистон» маърӯза кард. Мавсуф зикр намуд, ки «барои мо хеле хурсандиовар аст, ки соли 2021 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи кишварамон ҳамчун узви комилҳуқуқи Форуми марказҳои таҳлилии МҲТБО ба кори ин форум ҳамроҳ шуд. Боварӣ дорем, ки нишасти навбатӣ ба фаъолияти форум такони нав бахшида, боиси рушди боз ҳам бештари табодули илмӣ ва академӣ байни марказҳои таҳлилии кишварҳои узв хоҳад шуд».
Дар идома Хуршед Зиёӣ тазаккур дод, ки алҳол хатари фаъолияти созмонҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ кам нашудааст. Гузашта аз ин, ҳаводиси ахири Афғонистон, ки боиси ба сари қудрат омадани ҷунбиши террористии «Толибон» дар ин кишвар гардид, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин таҳдид аллакай дар сарҳади ҳавзаи МҲТБО қарор дорад. Бинобар ин, тамоми давлатҳои узви МҲТБО, хусусан сохтори амниятии тамоми кишварҳои узв бояд вазъи нави амниятӣ дар Афғонистонро амиқ дарк намоянд ва дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазири муштарак андешанд.
Иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ андешаҳои худро доир ба вазъи мавҷуда баён намуда, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодиёту тиҷорат ва дигар соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллии давлатҳои узви МҲТБО-ро таъкид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми марказҳои таҳлилии МҲТБО мақоми машваратӣ ва иттилоотӣ-таҳқиқотӣ буда, соли 2014 бо қарори кишварҳои узви МҲТБО бо мақсади дастгирии фаъолияти иттилоотӣ-таҳқиқотӣ ва рушди ҳамкорӣ миёни марказҳои таҳқиқотӣ ва муассисаҳои илмӣ-пажӯҳишии давлатҳои аъзои МҲТБО таъсис дода шудааст.
АКС аз МТС








Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Умон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими Русия вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо директори Дафтари лоиҳавии Маркази минтақавии экологӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» ҳамоиши илмӣ доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Директори генералии Вазорати федералии иқтисод ва энергетикаи Олмон мулоқот намуд
Дар Москва дар мавзуи саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд






