Нишасти нуҳуми Форуми марказҳои таҳлилии Машварати ҳамкорӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиё баргузор гардид

Декабрь 30, 2021 09:06

ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр бо ташаббуси донишкадаҳои Шанхай доир ба таҳқиқоти байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти нуҳуми Форуми марказҳои таҳлилии Машварати ҳамкорӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таҳти унвони «Оғози нав барои барқарорсозии эътимоди мутақобила дар давраи пас аз пандемия: тамоюл ва ҳадафҳо» дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Форум намояндагони марказҳо ва муассисаҳои таҳлилии даҳ кишвари узви МҲТБО иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш аз ҷониби ширкаткунандагон вазъ ва мушкилоти амниятӣ дар Авруосиё, ки таҳти таъсири пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омаданд, мавриди баррасӣ  ва арзёбӣ қарор дода шуд. Иштирокчиён вазъияти мавҷударо мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода, барои амалкардҳои муштарак ва таҳкими эътимод дар самти суботу амният мулоҳизаҳо баён намуданд.

Дар  бахши якуми форуми мазкур  таҳти унвони «Мушкилоти амниятии давлатҳои аъзои МҲТБО дар давраи пас аз пандемия» дар қатори роҳбарияти марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ дар мавзӯи «Таҳдидҳои нави амниятӣ ба давлатҳои узви МҲТБО дар давраи постпандемия: дидгоҳ аз Тоҷикистон» маърӯза кард. Мавсуф зикр намуд, ки «барои мо хеле хурсандиовар аст, ки соли 2021 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи кишварамон ҳамчун узви комилҳуқуқи Форуми марказҳои таҳлилии МҲТБО ба кори ин форум ҳамроҳ шуд. Боварӣ дорем, ки нишасти навбатӣ ба фаъолияти форум такони нав бахшида, боиси рушди боз ҳам бештари табодули илмӣ ва академӣ байни марказҳои таҳлилии кишварҳои узв хоҳад шуд».

Дар идома Хуршед Зиёӣ тазаккур дод, ки алҳол хатари фаъолияти созмонҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ кам нашудааст. Гузашта аз ин, ҳаводиси ахири Афғонистон, ки боиси ба сари қудрат омадани ҷунбиши террористии «Толибон» дар ин кишвар гардид, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин таҳдид аллакай дар сарҳади ҳавзаи МҲТБО қарор дорад. Бинобар ин, тамоми давлатҳои узви МҲТБО, хусусан сохтори амниятии тамоми кишварҳои узв  бояд вазъи нави амниятӣ дар Афғонистонро амиқ дарк намоянд ва дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазири муштарак андешанд.

Иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ андешаҳои худро доир ба вазъи мавҷуда баён намуда, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодиёту тиҷорат ва дигар соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллии давлатҳои узви МҲТБО-ро  таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми марказҳои таҳлилии МҲТБО мақоми машваратӣ ва иттилоотӣ-таҳқиқотӣ буда, соли 2014 бо қарори кишварҳои узви МҲТБО бо мақсади дастгирии фаъолияти иттилоотӣ-таҳқиқотӣ ва рушди ҳамкорӣ миёни  марказҳои таҳқиқотӣ ва муассисаҳои илмӣ-пажӯҳишии давлатҳои аъзои МҲТБО таъсис дода шудааст.

АКС аз МТС

Декабрь 30, 2021 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд