ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 18.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 28-33 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар базе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳия тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз з дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






