ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. 13-15 декабр дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон ҳарорати рӯзонаи ҳаво паст мешавад

Декабрь 13, 2021 09:17

ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 15 декабр дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳи ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа  дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тормеғ (туман) мефарояд, иттилоъ доданд аз  Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

13-15 декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, шабона асосан бебориш дар назар буда, рӯзона борони суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм шуда,   рӯзона аз 2+4 то 7+9 дараҷа  гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ 15 декабр ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида бориш (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

13-15 декабр дар вилояти Суғд  ҳавои тағийрёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа  гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар ВМКБ 13-15 декабр ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 21-26 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 30-35 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

13-15 декабр дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 13, 2021 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид