Оид ба баланд бардоштани сифати фаъолияти беморхонаҳо дар самти коҳиш додани фавти модар ва кӯдак ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти коҳиш додани фавти модар ва кӯдак дар кишвар тадбирҳои муҳим ва зарурӣ андешида, ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардидааст. Дар ин бора муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода имрӯз зимни ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба баланд бардоштани сифати фаъолияти беморхонаҳо дар самти коҳиш додани фавти модару кӯдак ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, сухан гуфт, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласаи мазкур роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов, шарикони рушд, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки дар ин самт дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳо босамар татбиқ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори фаъолияти муассисаҳои тандурустии мамлакат саҳми назаррас доранд.
Дар идомаи ҷаласа якчанд нафар мутахассисон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни масъала сухан гуфтанд.
АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






