Панҷ корманди БМТ барнома оид ба сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занонро хатм намуданд

Декабрь 8, 2021 15:39

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 нафар кормандони  Бонки миллии Тоҷикистон дар радифи 81 нафар ҳамтоёни худ аз 28 давлати ҷаҳон муддати шаш моҳ дар барномаи «Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ» тариқи онлайн-сессия таҳсил ва онро мувафаққона хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Барномаи «Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ» барномаи муштараки Бонки ҷаҳонӣ ва Донишгоҳи Оксфорд буда, ҳадафаш баланд бардоштани ҷойгоҳи занони роҳбар дар пешбурди фаъолият ва идораи бонкдорӣ ва муассисаҳои танзимгари молиявӣ мебошад, хабар доданд аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Панҷ нафар хатмкунандагони Барномаи «Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ» — муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода, сардори Идораи бозори молиявӣ Умеда Сатторзода, сардори шуъбаи таҳлили хавфҳо Муниса Навҷуанова, сармутахассиси Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Зарангез Умарова ва мутахассиси пешбари Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Вероника Мадалиева дар ҳамоише, ки дар БМТ доир гардид, донишҳои андӯхтаашонро тариқи рӯнамо муаррифӣ намуданд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода зикр намуд, ки «БМТ дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд барои омода намудани мутахассисон ва пайваста баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони роҳбарикунанда, аз ҷумла занон дар низоми бонкӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. Барномаи мазкур барои иштирокдорон самарабахш буд ва боварии комил дорем, ки малакаю донишҳои андӯхта дар фаъолияти минбаъда натиҷаҳои пурмаҳсул дода, баҳри самаранок ба роҳ мондани фаъолияти бонувони роҳбарикунанда мусоидат менамояд».

Созмондиҳандаи Барномаи муштараки Бонки ҷаҳонӣ ва Донишгоҳи Оксфорд барои занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ ва мутахассисони ҷавон «Women’s World Banking» буда, таъмини суботи бештари иқтисодӣ, рушди зеҳнии бонувон ва фаъолнокии онҳоро дар иқтисодиёт сармоягузорӣ мекунад.

          АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон

Декабрь 8, 2021 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст