Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо таманниёти нек Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати рӯйдоди таърихӣ – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат саҳми бузурги Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва ташаккули давлатдории он баланд арзёбӣ намуданд.
Дар ин зимн Сарвари давлати мо зикр намуданд, ки “Дастовардҳои Қазоқистон дар роҳи таҳкими истиқлолият бо номи Шумо ва роҳбарии бисёрсолаи оқилонаи Шумо, Нурсултон Абишевичи муҳтарам, робитаи ногусастанӣ доранд”.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






