Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд

Декабрь 28, 2021 13:14

ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 декабр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи чорум Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпӣ.

Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 21-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он ҳисоботи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар солҳои 2017-2021 шунида шуд.

Таъкид гардид, ки 14 феврали соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити Кумита баъд аз навсозӣ шинос шуданд, ки муҳимтарин рӯйдоди давраи ҳисоботӣ маҳсуб меёбад.

Бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумита аз ҷониби Ширкати ватании «Фароз» бо маблағи 1,6 миллион сомонӣ пурра таъмир шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид. Президенти Кумита муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маркази федератсияҳо ва Осорхонаи «Шарафи олимпӣ»-ро ба истифода дода, дар ҷаласаи 17-уми Ассамблеяи генералии Кумита иштирок намуданд.

Кумита соли 2018 дар шаҳри Душанбе ва соли 2019 дар ноҳияи Рашт ду майдончаи варзишӣ ба истифода дод. Соли 2020 бо дастури Пешвои миллат Мактаб-интернати варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов пурра таъмир карда шуд.

Солҳои 2017-2021 28 нафар варзишгарон аз дастгирии молиявии олимпӣ — Токио-2020 бархурдор шуданд, ки маблағи умумии барнома 278 800 долларри ИМА-ро ташкил дод. Ҳамчунин мактабҳои варзишӣ, федератсияҳои варзишӣ, варзишгарон бо 16 614 адад таҷҳизот ва лавозимоти варзишӣ таъмин гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи Осиё — Саппоро-2017, Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ — Боку-2017, Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ — Ашқобод-2017, Бозиҳои Осиё — Ҷакарта/Палембанг-2018, Бозиҳои олимпии наврасон — Буэнос Айрес-2018, Бозиҳои зимистонаи Бачаҳои Осиё — Сахалин-2019, Бозиҳои олимпӣ — Токио-2020 иштирок карда, дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 3 медали биринҷӣ, дар Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ) ва дар Бозиҳои Осиё 7 медал (4 нуқра, 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Баъд аз пешниҳоди ҳисобот аъзои Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон роҳбарияти Кумитаро барои давраи солҳои 2022-2024 интихоб карданд.

Номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби 15 ташкилоти узви КМО Тоҷикистон пешбарӣ гардида, якдилона Президенти Кумита интихоб шуданд.

Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди варзиш ва дастгирии варзишгарон беназир буда, маҳз бо дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 10 000 иншооти варзишӣ бунёд гардидааст. Ҳамчунин бо ташаббуси Пешвои миллат аз соли 2007 дар қаламрави кишвар якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол Рӯзи дави миллӣ баргузор шуда, соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт.

Дар ҷаласа ҳамчунин Абдулло Раҳмонзода (муовини аввали раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон) ва Дилшод Назаров (раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон) ноибони Президенти КМО Тоҷикистон, Муҳаммадшо Абдуллозода (котиби генералии Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш) котиби генералӣ, Екатерина Измайлова (узви Комиссияи варзишгарони КМО Тоҷикистон), Шоҳида Қаландарова (узви Федератсияи ҷудои Тоҷикистон), Абдулло Маҳмадализода (котиби генералии Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон), Ҳусейнҷон Саидов (узви Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон) ва Нигина Хайруллоева (котиби генералии Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон) аъзои дигари Кумитаи иҷроияи КМО Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2024 интихоб гардида, нақшаи кор ва нақшаи буҷети Кумита барои соли 2022 тасдиқ шуданд.

 

АКСҲО: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Декабрь 28, 2021 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард
«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд