Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст
ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соибистиқлолӣ тавассути усули «дарҳои кушода» дар сиёсати хориҷӣ бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Дар ин бора дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, ки 21 декабр ироа гардид, тазаккур дода шудааст.
«Сиёсати хориҷии «дарҳои кушода», ки мо пеш гирифтаем, — гуфтанд Сарвари давлат. — роҳандозӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявиро дар назар дорад».
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта, дар оянда низ мо ин сиёсатро густариш хоҳем дод.
Инчунин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ – Федератсияи Русия, Чин ва дигар шарикон, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар замина мегузорад.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бархе давлатҳое, ки бо онҳо муносибатҳои дипламатӣ барқарор намудааст, сафорат дорад ва онҳо марҳила ба марҳила бо биноҳои замонавӣ таъмин хоҳанд шуд. Аз ҷумла, дар Туркия, Покистон, Афғонистон ва дигар давлатҳо тӯли ин муддат биноҳои замонавии сафоратхонаҳои Тоҷикистон ба истифода дода шудаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






