Сироҷиддин Муҳриддин ва Субраҳманиям Ҷайшанкар ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Ҳиндустонро баррасӣ намуданд

Декабрь 20, 2021 08:21

ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷараёни сафари расмӣ дар Деҳлӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраҳманиям Ҷайшанкар мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишварро бобати тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои мухталиф иброз намуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои тавсеа ва таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика ва фарҳангу маориф изҳори назар карданд.

Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва вазъи амнияти минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2021-2024 ва Ёддошти тафоҳум миёни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи дипломатии Сушма Свараҷи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустонро имзо намуданд.

Инчунин 18 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон аз Маҷмааи ёдгории Раҷгҳат боздид намуда, ба ёдбуди Маҳатма Гандӣ арзи эҳтиром иброз намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин дар китоби меҳмонони фахрӣ аз ташрифи худ дастхат ва соядаст гузошт.

 

АКСҲО: ВКХ Тоҷикистон

Декабрь 20, 2021 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард