Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти 28-уми Шӯрои вазирони САҲА иштирок намуд

Декабрь 3, 2021 08:14

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 2 декабр  дар кори ҷаласаи 28-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки таҳти раёсати Шветсия дар шаҳри Стокҳолм оғоз шудааст, ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Сироҷиддин Муҳриддин дар баробари авлавияти Тоҷикистон дар се ченаки фаъолияти САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ, инчунин доир ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир, аз қабили мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, вазъ дар Афғонистон ва тағйирёбии иқлим изҳори ақида кард»,- иттилоъ доданд аз ВКХ Тоҷикистон.

Ҷониби Тоҷикистон аз кӯшишҳои барои таҳкими сохтории САҲА равонашуда истиқбол намуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории созанда бо САҲА ва ниҳодҳои он бо мақсади пешбурди сулҳ, шукуфоӣ ва рушд дар кулли минтақаи Созмон иброз дошт.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои вазирон мақоми марказии тасмимгирӣ ва идоракунии САҲА ба ҳисоб рафта, солона ба вазирони корҳои хориҷии 57 кишвари ширкаткунандаи САҲА имкон медиҳад, то фаъолияти созмонро баррасӣ ва арзёбӣ намуда, муколамаро дар масъалаҳои амниятии минтақаи САҲА тақвият диҳанд.

АКС: ВКХ ҶТ

Декабрь 3, 2021 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд