Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ниёзмандони ноҳияи Панҷ туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд

Декабрь 31, 2021 10:19

ДУШАНБЕ, 31.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони кулл ва бепарастон, инчунин аскарони қисми низомии ноҳияи Панҷ кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои солинавӣ дастрас гардиданд, хабар доданд аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар».

Бахшида ба Соли нави мелодӣ ба ятимони кулл ва бепарасторон, инчунин аскарони қисми низомии ноҳияи Панҷ 200 кг орд, 200 кг биринҷ, 200 кг шакар, 60 кг макарон, 100 литр равған ва 120 адад туҳфаҳои солинавӣ супорида шуданд.

Роҳбарияти вазорат кӯдакони ятими кулл, бепарасторони ноҳияи Панҷ ва афсарону аскарони қисми ҳарбии ноҳияро бо фарорасии соли нави 2022 аз номи Ҳукумати кишвар ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо самимона шодбош гуфта, ба онҳо бахту пирӯзӣ, зиндагонии босаодат ва толеи баланд орзу намуданд.

Зикр гардид, ки ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон, пирону эҳтиёҷмандон, маъюбону камбизоатон дар мадди назари доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Декабрь 31, 2021 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад