Дар «Бозори Корвон»-и шаҳри Душанбе таваққуфгоҳи замонавӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 17.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи Шамсӣ 10-и пойтахт таваққуфгоҳи замонавӣ ва муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозори Корвон» ифтитоҳ карда шуд. Таваққуфгоҳ дар асоси талаботи муосири шаҳрсозӣ дар муддати 1 сол бунёд карда шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Он дар масоҳати бештар аз 14 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, дар як вақт зиёда аз 448 адад воситаҳои нақлиёт имкони таваққуф дар онро доро мебошанд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Дар маросими ифтитоҳи таваққуфгоҳ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода иштирок намуданд.
Таваққуфгоҳи мазкур бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, дар ошёнаи болоии бинои таваққуфгоҳ маркази назорати мушоҳидавӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ин марказ бо истифода аз 12 монитор ва 171 камераҳои мушоҳидавӣ масъулин тартиботи бозорро назорат менамоянд. Дар асоси иттилоъ, тамоми таҷҳизоти техникии насбгардида аз ширкати маъруфи Хиквижн буда, атрофи бозорро дар масоҳати бештар аз 2 ҳазор метри мураббаъ назорат менамоянд. Дар ин марказ ҳамчунин системаи огоҳикунандаи зиддисӯхторӣ насб карда шуда, дар ҳолати бонги хатар аз ин ҷо муайян карда мешавад, ки ҳодиса дар кадом даромадгоҳ ва ё кадом қатори бозор рух додааст.
Бояд тазаккур дод, ки сохтмони ҳудуди бозори Корвон дар асоси талаботи шаҳрдорӣ ва меъморӣ идома дорад. Дар ҷараёни шиносоӣ намояндагон аз қисмати шимолии бозор, ки даромадгоҳҳои 10, 11, 12, 13, 14 ва 15-ро дар бар мегирад, боздид намуданд. Ин қисмати бозор аллакай пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуда, соҳибкорону соҳибмулкон ба тиҷорат машғул мебошанд. Ин қисмати бозор дар масоҳати бештар аз 33 ҳазору 135 метри мураббаъ бунёд карда шуда, аз 2 ошёна ва таҳхона иборат аст.
Даромадгоҳҳои бозор дар асоси лоиҳа бо санъати баланди меъморию гаҷкории миллӣ ороиш дода шудаанд. Дар ин қисмат низ маркази назорати мушоҳидавӣ ҷойгир карда шудааст, ки дар он 24 монитор бо 366 адад камераҳои мушоҳидавӣ пайваст карда шуда, аз ҷониби масуълин ҳудуди бозор зери назорати шабонарӯзӣ қарор дорад. Корҳои сохтмонӣ ва навсозии бозор дар ин қисмат, яъне даромадгоҳҳои 10, 11, 12, 13, 14 ва 15 моҳи апрели соли 2020 оғоз гардида буданд ва корҳои сохтмонӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуда, мавриди истифодаи сокинон қарор гирифт. Ҳамзамон бо ин биноҳои хизматрасонии даромадгоҳҳои 1 ва 24-и бозор низ аллакай бунёд карда шудаанд. Айни замон дар қисмати даромадгоҳҳои 8 ва 9 корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Маркази савдои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Борзори Корвон» дар масоҳати бештар аз 107 ҳазор метри мураббаъ дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе навсозӣ мегардад, ки пас аз анҷоми корҳои пурраи сохтмонӣ зиёда аз 6 ҳазор нафар соҳибкорон ва соҳибмулкон бо шароити муосири тиҷорат таъмин карда мешаванд.
АКСҲО аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе












Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар шаҳри Душанбе муҷассамаи майори милитсия Мулло Нуров гузошта мешавад
Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дархост намуданд, ки кори мақомоти шаҳри Душанберо санҷад
«САЙРИ САДА». Барои меҳмонону сайёҳони шаҳри Душанбе хатсайри ройгони сайёҳӣ ташкил карда мешавад
Рустами Эмомалӣ: «Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 62 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд»
«БА ҚАДРИ ЗАҲМАТИ ДИГАРОН БОЯД РАСИД!». Чаро мо масъулияти шаҳрнишиниро риоя намекунем?
Тарҳи нави лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд






