Дар «Бозори Корвон»-и шаҳри Душанбе таваққуфгоҳи замонавӣ ифтитоҳ ёфт

Декабрь 17, 2021 09:01

ДУШАНБЕ,  17.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи Шамсӣ 10-и пойтахт таваққуфгоҳи замонавӣ ва муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозори Корвон» ифтитоҳ карда шуд. Таваққуфгоҳ дар асоси талаботи муосири шаҳрсозӣ дар муддати 1 сол бунёд карда шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Он дар масоҳати бештар аз 14 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, дар як вақт зиёда аз 448 адад воситаҳои нақлиёт имкони таваққуф дар онро доро мебошанд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳи таваққуфгоҳ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода иштирок намуданд.

Таваққуфгоҳи мазкур бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, дар ошёнаи болоии бинои таваққуфгоҳ маркази назорати мушоҳидавӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ин марказ бо истифода аз 12 монитор ва 171 камераҳои мушоҳидавӣ масъулин тартиботи бозорро назорат менамоянд. Дар асоси иттилоъ, тамоми таҷҳизоти техникии насбгардида аз ширкати маъруфи Хиквижн буда, атрофи бозорро дар масоҳати бештар аз 2 ҳазор метри мураббаъ назорат менамоянд. Дар ин марказ ҳамчунин системаи огоҳикунандаи зиддисӯхторӣ насб карда шуда, дар ҳолати бонги хатар аз ин ҷо муайян карда мешавад, ки ҳодиса дар кадом даромадгоҳ ва ё кадом қатори бозор рух додааст.

Бояд тазаккур дод, ки сохтмони ҳудуди бозори Корвон дар асоси талаботи шаҳрдорӣ ва меъморӣ идома дорад. Дар ҷараёни шиносоӣ намояндагон аз қисмати шимолии бозор, ки даромадгоҳҳои 10, 11, 12, 13, 14 ва 15-ро дар бар мегирад, боздид намуданд. Ин қисмати бозор аллакай пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуда, соҳибкорону соҳибмулкон ба тиҷорат машғул мебошанд. Ин қисмати бозор дар масоҳати бештар аз 33 ҳазору 135 метри мураббаъ бунёд карда шуда, аз 2 ошёна ва таҳхона иборат аст.

Даромадгоҳҳои бозор дар асоси лоиҳа бо санъати баланди меъморию гаҷкории миллӣ ороиш дода шудаанд. Дар ин қисмат низ маркази назорати мушоҳидавӣ ҷойгир карда шудааст, ки дар он 24 монитор бо 366 адад камераҳои мушоҳидавӣ пайваст карда шуда, аз ҷониби масуълин ҳудуди бозор зери назорати шабонарӯзӣ қарор дорад. Корҳои сохтмонӣ ва навсозии бозор дар ин қисмат, яъне даромадгоҳҳои 10, 11, 12, 13, 14 ва 15 моҳи апрели соли 2020 оғоз гардида буданд ва корҳои сохтмонӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуда, мавриди истифодаи сокинон қарор гирифт. Ҳамзамон бо ин биноҳои хизматрасонии даромадгоҳҳои 1 ва 24-и бозор низ аллакай бунёд карда шудаанд. Айни замон дар қисмати даромадгоҳҳои 8 ва 9 корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Маркази савдои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Борзори Корвон» дар масоҳати бештар аз 107 ҳазор метри мураббаъ дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе навсозӣ мегардад, ки пас аз анҷоми корҳои пурраи сохтмонӣ зиёда аз 6 ҳазор нафар соҳибкорон ва соҳибмулкон бо шароити муосири тиҷорат таъмин карда мешаванд.

АКСҲО аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Декабрь 17, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд