ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар ноҳияи Айнӣ аксияи «Ёрӣ ба пиронсолон» роҳандозӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аъзои маҳфили доимамалкунандаи «Пайравони Пешвои миллат» дар ноҳияи Айнӣ аксияи «Ёрӣ ба пиронсолон»-ро роҳандозӣ намуда, ба шахсони калонсоле, ки дар анҷоми корҳои рӯзгор ба кумаки дигарон ниёз доранд, мадад расонданд. Аз ҷумла, онҳо барои чанд рӯз барои ин ниёзмандон ҳезум шикаста, хонаву ҳавлиашонро рӯфта, дару тиреза ва либосҳояшонро шуста, тозаю озода гардониданд. Мақсад аз баргузории чунин аксияҳо бедор намудани ҳисси инсондӯстӣ, масъулиятшиносии ҷавонон нисбат ба падару модар, ҳурмату эҳтироми ва қадршиносии насли калонсол мебошад.