Ҳайати факултети №1-и Академияи ВКД Тоҷикистон аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуд
ДУШАНБЕ, 29.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати шунавандагони факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии профессорону омӯзгорон аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, боздид ба амал овард.
Тавре аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Осорхонаи Пешвои миллат нигораҳои давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм ва хизматҳои шоёни Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи донишгоҳ гирд оварда шудаанд.
Шунавандагони факултети №1-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигораҳои Осорхона ва санадҳои нодир, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатми факултети иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба солҳои 1977-1982 рост омада, инъикосгари овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муассиса мебошанд, инчунин аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда, фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ ва дастовардҳои олимони донишгоҳ, ки дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ шудаанд, шинос намуд.
Зимни шиносоӣ зикр карда шуд, ки баъд аз ифтитоҳ ва боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Пешвои миллат гӯшаи дигари махсус бахшида ба ҳаёту фаъолияти даврони донишҷӯии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъсис дода шудааст, ки мавсуф низ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Осорхонаи Пешвои миллат 22 январи соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Мақсад аз таъсиси Осорхона – ин тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Сарвари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маорифи кишвар мебошад.
Дар маҷмӯъ, Осорхонаи Пешвои миллат таҷассумгари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши илму маориф буда, дар фаъолияти минбаъдаи устодон ва шунавандагони факултети №1-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои арзанда хоҳад гардид.
АКС: Академияи ВКД ҶТ








«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик






