Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои маъмурии ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Бунёди иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши таърих ва ҳифзу муаррифии мероси фарҳангии ниёгон ба роҳ монда шудааст.
Қалъаи «Золи Зар» аз ҷумлаи ёдгориҳои муҳими таърихии минтақа ба шумор рафта, дорои аҳамияти баланди илмӣ ва фарҳангӣ мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи таъриху бостоншиносӣ имконияти нави омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ фароҳам мегардад.
Ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии мамлакат маҳсуб шуда, татбиқи чунин лоиҳаҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи гузаштагон ва муаррифии тамаддуни куҳани халқи тоҷик мусоидат менамояд.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






