Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, китоб идомаи силсилаи маҷмуаи мақолаҳо буда, дар он маводи гуногуни таҳлиливу илмӣ ва публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Ин матолиб ба инъикоси фаъолияти давлатдорӣ, ташаббусҳои созанда, хизматҳои таърихӣ ва нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бахшида шудаанд.
Маҷмуа бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф гардида, имкон медиҳад, ки муҳтавои китоб барои доираи васеи хонандагони хориҷӣ дастрас гардида, маълумот оид ба таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон, дастовардҳо ва ташаббусҳои роҳбарияти давлат дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда шавад.
Дар маҷмуа масъалаҳои гуногуни таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон, раванди таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанг ва муаррифии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.
Меҳвари асосии муҳтавои китоб инъикоси хизматҳои таърихии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаҳои гуногуни ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ мебошад. Муаллиф бо истифода аз нигоҳи таҳлилӣ ва фарогир кӯшиш намудааст, ки рӯйдодҳои муҳими таърихи навини ҷумҳурӣ, иқдомҳои давлатсозӣ ва равандҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии даврони соҳибистиқлолиро бозгӯйӣ намояд.
Дар ин замина ба масъалаҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, бунёдкориву созандагӣ, рушди инфрасохтори мамлакат, татбиқи барномаҳои муҳими миллӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати ҷомеаи муосир омӯзиши таърихи навини мамлакат, шинохти равандҳои давлатсозӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, ин маҷмуаи дорои хусусияти илмӣ-таҳлилӣ ва публитсистӣ метавонад ҳамчун маводи иловагӣ барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён, зиёиён ва тамоми алоқамандони таърихи давлатдории тоҷикон мавриди истифода қарор гирад.
Ҳамзамон ин асар барои насли ҷавон имконият фароҳам меорад, ки бо рӯйдодҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ, марҳилаҳои ташаккули давлатдории миллӣ ва равандҳои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ аз назари муаллиф шинос шаванд.
Дар маҷмуъ, ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз» идомаи силсилаи асарҳои академик Фарҳод Раҳимӣ буда, бо фарогирии мавзуъҳои таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ ба инъикоси саҳифаҳои муҳими таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бахшида шудааст. Нашри ин маҷмуа дар остонаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯйи таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳлили таърихи навини давлатдорӣ ва муаррифии он ба доираи васеи хонандагон мебошад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад






