Ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳамоҳангсозии судӣ ва парлумонӣ баргузор гардид, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Дар кори ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода, мушовири кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фируз Сайнозимзода ва судяи Суди Олӣ Мавҷуда Пулодӣ ба таври онлайн иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа ду масъала — муҳокимаи ҳуҷҷатҳои корӣ оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкории судӣ, парлумонӣ ва таҳияю тасдиқи лоиҳаи барномаи корӣ ва тақвими чорабиниҳо барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни ҷаласаи Шӯро барномаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои соли 2022 қабул карда мешаванд. Тибқи дурнамои ЭКО-2025, ҳамкорӣ дар бахшҳои савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт, коммуникатсия, муносибатҳои байналмилалӣ, энергетика, муҳити зист, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, ҳамоҳангсозии судӣ ва парлумонӣ, захираҳои инсонӣ ва рушди устувор авлавиятнок ба ҳисоб мераванд.
Баъд аз ниҳоӣ гардидан барномаи корӣ ва тақвими чорабиниҳои ЭКО барои соли 2022 аз ҷониби кумитаҳои соҳавии он дар охири рӯзи корӣ ва дар ҷаласаи умумии Шӯрои банақшагирии минтақавӣ бо раисии ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви ЭКО тасдиқ карда мешавад.
АКС: МН МО ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






