Аз 4 то 10 январ мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 то 10 январ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлон, Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар зарфи як ҳафта вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон суҳбат намуда, ба онҳо роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ ва дигар соҳаҳо маълумоти мукаммал медиҳанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






