Ба Душанбе барои санҷиши масолеҳи сохтмони роҳ аз Италия 110 дастгоҳи озмоишгоҳӣ ворид мегардад

Январь 13, 2022 10:14

ДУШАНБЕ, 13.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирии соҳаи роҳсозӣ дастгоҳи истеҳсоли асфалти аълосифат бо иқтидори 160 тонна дар як соат ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 140 тонна дар як соат ба маблағи 16 миллион сомонӣ харидорӣ гардид, ки соли равон  ба истифода дода мешавад. Барои санҷиши масолеҳи сохтмони роҳ имсол  аз Ҷумҳурии Италия 110 дастгоҳи озмоишгоҳӣ ворид мегардад, ки ин ҳама  иқдомот баҳри баланд бардоштани сифати масолеҳи роҳсозӣ ва сохтмони роҳҳо дар пойтахт  равона шудаанд.

Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022,  ки  12 январ   дар  пойтахт баргузор гардид, хабар дода шуд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд,  дар ҷаласаи мазкур  муҳтарам Рустами Эмомалӣ  зикр намуданд,  ки  навсозӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори пойтахт, махсусан, таҷдиду навсозии роҳҳо заминаи муҳими рушди минбаъдаи шаҳр маҳсуб мешавад.

Таъкид гардид, ки  дар зарфи 5 соли охир дар пойтахт 162 километр роҳҳо навсозӣ карда шудаанд, ки 7,7 километри он ба соли сипаришуда рост меояд. Мақомот ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии сел ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то имрӯз 16 километр шабакаҳои селпарто сохта, ба истифода додааст.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба ҳолатҳои кашол додани муҳлати иҷрои корҳо дар баъзе иншооти роҳсозӣ, истифодаи масолеҳи пастсифат ва баъди ба истифода додани роҳҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ пайдо шудани ноҳамвориҳо, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои соҳа ва дар муҳлати муқарраршуда мутобиқ ба стандартҳои муосир ба истифода додани роҳҳо ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

 

Акс: аз манбаъҳои боз

Январь 13, 2022 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд