Ба кормандони КВД «Нақлиёти барқӣ ва велосипед»-и шаҳри Душанбе моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллатро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 21.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи 5 соли охир дар пойтахт 162 километр роҳҳо навсозӣ шудаанд, ки 7,7 километри он ба соли 2021 рост меояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии воридшавии сел ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то имрӯз 16 километр шабакаҳои селпарто бунёд намуда, ҳамчунин бо мақсади дастгирии соҳаи роҳсозӣ дастгоҳи истеҳсоли асфалти аълосифат бо иқтидори 160 тонна дар як соат ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 140 тонна дар як соат ба маблағи 16 миллион сомонӣ харидорӣ намуд, ки соли равон ба истифода дода мешаванд. Имсол барои санҷиши масолеҳи сохтмони роҳ аз Ҷумҳурии Италия 110 дастгоҳи озмоишгоҳӣ ба пойтахт ворид мегардад, ки ин иқдом баҳри баланд бардоштани сифати масолеҳи роҳсозӣ ва сохтмони роҳҳо равона шудааст.
Ин матлаб зимни вохӯрии навбатии роҳбарияти Мақомоти иҷоияи ҳокимият давлатии шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи нақлиёти шаҳр дар КВД «Нақлиёти барқӣ ва велосипед» баён гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода иброз дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳаҳо кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки аксари онҳо зимни таҳлили амиқи Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ зикр шуданд.
«Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бунёду навсозии роҳҳо мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад»,- афзуд муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода.
Вохӯрии мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар робита ба иҷрои дастуру супориш ва вазифаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ баён доштанд, ҳамчунин оид ба тарғиби дастовардҳои пойтахти мамлакат дар 30 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки 20 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни ҳисоботи худ изҳор доштанд «дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат 4 ҳазору 371 иқдомоти созандагӣ амалӣ гардида, иҷрои нақша 104 фоиз таъмин ва 16 муассисаи тасилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 50 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 162 километр роҳ, 19 бинои маъмурӣ, 225 иншооти баландошёна бо 161 маркази хизматрасонӣ, 62 майдончаи варзиш, 9 гулгашт бунёд карда шуда, 2 321 бинои истиқомативу маъмурӣ ва 116 хобгоҳ таъмир гардид».
Ба таъкиди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 114 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 1,5 баробар, гардиши савдо 115 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ 123 фоиз ва боркашонӣ 104 фоиз афзоиш ёфтааст.
АКСҲО аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд






