Ба кормандони КВД «Нақлиёти барқӣ ва велосипед»-и шаҳри Душанбе моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллатро шарҳ доданд

Январь 21, 2022 11:26

ДУШАНБЕ, 21.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи 5 соли охир дар пойтахт 162 километр роҳҳо навсозӣ шудаанд, ки 7,7 километри он ба соли 2021 рост меояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии  воридшавии сел ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то имрӯз 16 километр шабакаҳои селпарто бунёд намуда, ҳамчунин бо мақсади дастгирии соҳаи роҳсозӣ дастгоҳи истеҳсоли асфалти аълосифат бо иқтидори 160 тонна дар як соат ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 140 тонна дар як соат ба маблағи 16 миллион сомонӣ харидорӣ намуд, ки соли равон  ба истифода дода мешаванд. Имсол барои санҷиши масолеҳи сохтмони роҳ аз Ҷумҳурии Италия 110 дастгоҳи озмоишгоҳӣ ба пойтахт ворид мегардад, ки ин  иқдом  баҳри баланд бардоштани сифати масолеҳи роҳсозӣ ва сохтмони роҳҳо равона шудааст.

Ин  матлаб  зимни вохӯрии навбатии роҳбарияти Мақомоти иҷоияи ҳокимият давлатии шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи нақлиёти шаҳр дар  КВД «Нақлиёти барқӣ ва велосипед» баён гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе.

Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода  иброз дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳаҳо кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки   аксари   онҳо зимни таҳлили амиқи Сарвари давлат дар Паёми  навбатӣ  зикр шуданд.

«Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бунёду навсозии роҳҳо мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад»,- афзуд муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода.

Вохӯрии мазкур  дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе  дар робита ба иҷрои дастуру супориш ва вазифаҳое, ки Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон   дар Паёми навбатӣ баён доштанд, ҳамчунин   оид ба тарғиби дастовардҳои пойтахти мамлакат дар 30 соли соҳибистиқлолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ  гардид.

Ёдовар мешавем,  ки 20 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни ҳисоботи худ изҳор доштанд «дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат 4 ҳазору 371 иқдомоти созандагӣ амалӣ гардида, иҷрои нақша 104 фоиз таъмин ва 16 муассисаи тасилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 50 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 162 километр роҳ, 19 бинои маъмурӣ, 225 иншооти баландошёна бо 161 маркази хизматрасонӣ, 62 майдончаи варзиш, 9 гулгашт бунёд карда шуда, 2 321 бинои истиқомативу маъмурӣ ва 116 хобгоҳ таъмир гардид».

Ба таъкиди  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 114 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 1,5 баробар, гардиши савдо 115 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ 123 фоиз ва боркашонӣ 104 фоиз афзоиш ёфтааст.

АКСҲО аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Январь 21, 2022 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид