Бахшида ба 30-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ мусобиқаи волейбол оғоз гардид

Январь 26, 2022 15:47

ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар Маҷмааи варзиши шаҳри Хоруғ миёни шаш дастаи омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ мусобиқаи волейбол оғоз гардид, ки то  28 январ идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод.

 Мусобиқа бо мақсади тақвияти тарзи ҳаёти солим, рушди бозии волейбол ва ҷалби бештари кормандон ба варзиш дар асоси дастури ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода ташкил шуда, дар он асосан дастаҳои «Раёсат», «Амнияти донишгоҳ», «Факултаи филологияи тоҷик», «Факултаи таърих ва ҳуқуқ», «Факултаи  математика ва физика», «Факултаи  педагогӣ» бо ҳам рақобат мекунанд.

Ғолибони он бо Ҷом, медал, ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ мегарданд.

АКС : ДДХ

Январь 26, 2022 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад