Бар асари резиши санг роҳи Рӯшон-Бартанг муваққатан баста шуд

Январь 26, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар деҳаи Савноби Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сангрезӣ ба қайд гирифта шуд. Бо талоши кормандон ва техникаи махсуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дошта, роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг муваққатан баста шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки бориши шадид дар манотиқи кӯҳистони кишвар ва рӯзҳои охир гарм шудани ҳаво хатари лағзиши тарма ва резиши сангро бештар кардааст. Вазъ дар шоҳроҳҳои Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе-Варзоб-Хуҷанд, Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хатарнок боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд. Муваққатан ба минтақаҳои тармахез барои чорвочаронӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезум ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нараванд.

Рафтан ба соҳили дарёҳову кӯлҳо ва обанборҳо низ барои моҳидорӣ чандон бехатар нест.

Дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ҳар гуна садама шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии Кумита бо рақамҳои 112, 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат намоянд.

 АКС: КҲФ ва МГ

Январь 26, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад